18:32 22 октябри 2017
Пахши мустақим
Доруворӣ, акс аз бойгонӣ

Пизишкон минбаъд барои рекламаи дору аз вазифа барканор мешаванд

© Sputnik
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
135 0 0

Раёсати тандурустии вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки шумораи дорухонаҳо дар дохили бемористонҳои вилоят кам карда шаванд ва пизишконе, ки ин ё он дорувориро ба беморон таблиғ мекунанд, аз кор ронда шаванд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар ин бора хабаргузории СМ-1 гузориш дода, меафзояд, ки Фаррух Мақсудзода, сардори ин раёсат зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, бо ин мақсад гурӯҳи корӣ созмон ёфтаат ва рӯзҳои наздик ба кор оғоз мекунад. 

"Дар баъзе беморхонаҳо дорухонаҳо зиёдтар бошаду ба фаъолияти беморхона монеъ эҷод кунад мо онро кам мекунем. Мо корбарӣ карда истодаем, ки дорувориҳо аз дасти якум ба беморон бо нархи арзонтар дастрас карда шавад. Фирмаҳо дар беморхона барои фоидаи баъзе нафарон кор накунанд. Мо дар ин самт корбариро пурзӯр карда истодаем",- изҳор доштааст сардори раёсат.

 Фаррух Мақсудзода афзуда, ки дар сурати аз ҷониби духтурон "реклама" кардани дорувориҳои фирмаҳои фармасефтӣ дар беморхона онҳо аз вазифа барканор мешаванд. Дар ин бора қарори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ баромадааст. 

"Мо як гурӯҳи корӣ ҳам аз ҷониби Раёсати тандурустӣ ва ҳам Хадамоти назорати давлатии фармасефтӣ созмон додем, то ин ки дар ин самт рейдҳо гузаронида шавад",- тавзеҳ додааст вай.

Барчаспҳо:
таблиғот, бемористон, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ