05:40 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Дар лаборатория. Акс аз богйонӣ

Анвар Беҳманӣ ба ВМКБ таҷҳизоти пизишкӣ мефиристад

© Sputnik /
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
223 0 0

Таҷҳизоти тиббӣ нимаи аввали соли 2018 ба вилоят дастрас карда мешавад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева чунин қарор дар мулоқоти раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ва мудири Созмони байналмиллалии дастгирии маориф Анвар Ҳасаналӣ Беҳманӣ мулокот намуд.

Ба гузориши манбаъ, Анвар Беҳманӣ изҳор дошт, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ тасмим гирифтаст, ки чун кумаки башардўстона барои рушди соҳаи тандурустӣ дар ВМКБ чун минтақаи кўҳистони дурдаст як қатор таҷҳизоти пизишкии муосирро барои вилоят дастрас кунад.

"Таҷҳизот дар ИМА харида шуда, асосан барои дармони бемориҳои дил ва чашм пешбинӣ шудаанж ва аз ҷониби коршиносони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ аз санҷиш гузаронида шудааст", — омадааст дар хабарнома.

Шодихон Ҷамшед гуфтааст, ки дастрас намудани таҷҳизоти муосири пизишкӣ ба ВМКБ боз як қадами устуворе хоҳад буд дар рушди соҳаи тандурустӣ дар вилоят.

Дар фарҷом ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таҷҳизоти тиббӣ дар нимаи аввали соли 2018 ба вилоят таҳвил дода хоҳанд шуд.

Барчаспҳо:
таҷҳизоти тиббӣ, гуфтугӯ, мулоқот, Анвар Беҳманӣ, Шодихон Ҷамшед, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ