05:32 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Встреча Королевстве Саудовская Аравия

Тоҷикистон ва Арабистон дурнамои ҳамкорӣ дар заминаи беҳдошту дармонро баррасӣ карданд

© МИД РТ
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар Утоқи бозаргонӣ ва саноеъи шаҳри Ҷидда бо гурӯҳе аз соҳибкорони соҳаи тибби он кишвар мулоқот карданд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии ҶТ, дар ин дидор бар густариши ҳамкориҳо таъкид шуд.

Аз ҷумла ҳамкорӣ дар бунёди корхонаи муштараки дорусозӣ, донишкадаи байналмилалии тиббӣ бо сармоягузории хусусии саудӣ, осоишгоҳҳои муштарак, ҷалби пизишкони тоҷик ба Арабистон барои кор барои ду кишвар муҳим арзёбӣ шуд.

Дар ин дидор имкони роҳандозии амалҳои ҷарроҳии хайрия барои дармонҷӯён аз Тоҷикистон ва кумакҳои гуногуни башардӯстона аз Арабистон баррасӣ ва дар ин замина тавофуқоте ҳосил шуд.

Ҳайъати расмии Тоҷикистон ҳамчунин аз яке аз бемористонҳои муосири шаҳри Ҷидда барои шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами пизишкони саудӣ дидан карданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода барои ширкат дар ҷаласаи шашуми вазирони тандурустии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Ҷидда қарор дорад.

Мавзуъ

Вазорати тандурустӣ ба мардуми Хатлон роҳи пешгирии қадпастӣ ва камвазниро нишон медиҳад
Рушди деҳот ва тандурустӣ: дидори раисҷумҳур бо намояндаи воломақоми Аврупо
Вазири тандурустӣ барои марги донишҷӯ мудири коллеҷи тиббиро барканор кард
Вазири тандурустӣ: дар Тоҷикистон фавти кӯдакон то 2 маротиба кам шудааст
Барчаспҳо:
беҳдошту дармон, Насим Олимзода, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ