00:26 18 августи 2017
Пахши мустақим
Встреча В.Путина с членами Совета Парламентской ассамблеи ОДКБ

Омодагии Русия ва СПАД барои кӯмак ба Афғонистон

© Sputnik / Михаил Климентьев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Русия ва муттаҳидонаш аз СПАД барои таъмини амнияту субот дар Афғонистон пас аз берун шудани нерӯҳои низомии НАТО омода ҳастанд. Ҳамзамон, ҳузури ҳарбиёни рус дар минтақа тақвият нахоҳад ёфт.

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Радиф Тоҷикистон. Афғонистон дар сурати ноамнӣ ва ноором шудани вазъ пас аз ихроҷи неруҳои низомии Эътилофи Шимолӣ (НАТО) ба кӯмаки Русия ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ умед баста метавонад, гуфт Владимир Путин аснои мулоқоташ бо ҳайати Ассамблеяи парлумонии СПАД, менависад сомонаи ин ташкилот.

"Дарк мекунем, ки баъди берун рафтани неруҳои низомии байналмилалӣ вазъият ором нахоҳад шуд. Дар сурати зарурӣ омода ҳастем, ки барои ба эътидол овардани вазъият китф ба китфи дӯстони афғонистонӣ гузорем, то дар ин кишвар суботу салоҳ ҳукмрон бошад",- гуфт Путин.

Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, президенти Русия ба шеваи фаъолияти ҳамоҳангшудаи кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ростои тақвияти амният, аз ҷумла мубориза алайҳи ифротгароӣ ва ҷилавгирӣ аз хатари паҳншавии нашъа баҳои мусбат дод. Путин афзуд, дар ин бахш ба ҳамдигарфаҳфаҳмӣ ва ҷонибдории ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дар парлумонҳои кишварҳои аъзои СПАД умед мебандем.

"Муносибати мо дар чорчӯби фаъолияти СПАД бо кишварҳои аъзо ва иттифоқчиёнамон дар ҳоли рушд мебошанд. Мақсад ва ҳадафи мо маълум аст, дар ин бахш низоми зарурӣ рӯи кор аст. Ҳар амалеро, ки мо анҷом медиҳем аз сӯи роҳбарони давлатҳо пуштибонӣ мешавад. Бе ҷонибдории ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва қувваҳои сиёсӣ аз ин раванди ҳамкорӣ ҳарф гуфтан албатта душвор мебуд",- гуфт Путин аснои нишасти мазкур.

Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД дар ҷаласаи АП СПАД иброз дошт, ки Созмон ба ҳеч ваҷҳ зиёд кардани теъдоди низомиёни русро дар сурати ихроҷи ҳарбиёни НАТО аз Афғонистон дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ надорад.

"Ба ин зарурат нест, дар он ҷо неруҳои зарурӣ ҷиҳати анҷоми ҳама гуна супориш вуҷуд дорад. Дар ҳолати даркорӣ мо метавонем аз низомиёни гурӯҳи дастаҷамъии вокуниши сареъ — ГДВС (КСОР) истифода кунем", — гуфт Бордюжа.

Ёдрас менамоем, ду пойгоҳи низомии наздиктарини Русия ба Афғонистон дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир шудаанд. Яке дар шаҳри Канти ҷумҳурии Қирғизистон ва дуввумӣ дар Тоҷикистон, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мавзеъ доранд.

Маълумот дар бораи пойгоҳҳои низомии Русия дар хориҷ>>

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) — иттифоқи ҳарбӣ-сиёсӣ буда, аз ҷониби ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар асоси Шартнома дар бораи паймони амнияти дастаҷамъӣ (ПАД) дар соли 1992 таъсис ёфтааст. Ин эътилофи амниятӣ соли 2002 ба СПАД табдили ном кард ва дар ҳоли ҳозир ҳафт кишвари собиқи шӯравӣ — Русия, Беларусу Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбакистонро муттаҳид мекунад.   

 

Мавзӯъҳои асосӣ