01:46 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Строительство

Шикояти сафири тоҷик аз болои собиқ ҳамкораш ба пулиси Покистон

© Flickr/
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
201

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Мақомоти пулиси шаҳри Исломобод аз рӯи шикояти Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон алайҳи хонум Саъдия Ҳайёт, собиқ ҳамкори сафир тафтишоти ҷиноиро оғоз кардаанд, хабар медиҳад сомонаи The Nation.

Сафири тоҷик даъво кардааст, Саъдия ки сармеъмори ширкати "Montage Design Build" (MDB) мебошад, барои ба даст овардани шартнома дар тарҳрезию бунёди бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Покистон, оид ба ширкаташ асноди тақаллубиро пешниҳод намуда, бо ин роҳ сафирро фиреб додааст.

Сомона менависад, Саъдия Ҳайёт дар пулис иддаои Ҷононовро рад карда, изҳор доштааст, ки воқеан бо сафорат дар бораи тарҳу бунёди бинои нав дар Исломобод моҳи апрели соли равон шартнома бастааст ва ҳамаи корҳои ба уҳдагирифтаашро анҷом додааст. Саъдия мегӯяд, сафорат бояд супервайзер ё худ миёнараверо таъйин мекард, ки рафти иҷрои шартномаи дутарафаро назорат намояд, аммо сафир хостааст, ки корро худаш назорат кунад. Сарчашмаи асосии мушкилот аз ҳамин ҷо пайдо шудааст. Ин хонум ҳамчунин аз он шикоят кардааст, ки сафири тоҷик ӯро на танҳо дар тақаллубкорӣ муттаҳам мекунад, балки болои пулис фишор овардааст, ки алайҳи вай тафтишоти ҷиноиро оғоз кунанд.

Дар ҳамин ҳол додгоҳи Исломобод иддаои ҷонибҳоро шунида барои оғози тафтишоти ҷиноӣ алайҳи Саъдия Ҳайёт ба пулис иҷоза додааст ва таъкид намудааст, ки тамоми ҷузъиёти қазия дар доираи қонун тафтиш ва ҳал шаванд, хабар медиҳад The Nation.

Барчаспҳо:
пулис, даъво, сафорат, Покистон, сафир

Мавзӯъҳои асосӣ