05:41 21 августи 2017
Пахши мустақим
Наблюдатели ОБСЕ осматривают КПП Новоазовск

Ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи нозирони САҲА дар Донетск

© Sputnik / Алексей Куденко
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Шахсони номаълум, ки савори мошини боркаши низомӣ буданд, нақлиёти кормандони САҲА-ро дар наздикии минтақаи таҳти назорати Киев тирборон карданд. Касе осеб надидааст, аммо бо далели амниятӣ намояндагони вижаи ин ташкилоти байналмилалӣ макони ҳодисаро тарк намуданд.

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар наздикии маҳаллаи Мариинкаи вилояти Донетск, қаламрави таҳти тасарруфи Украина мошини кормандони САҲА мавриди гулӯлаборони ашхоси низомӣ қарор гирифт, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба САҲА.

"Соати 12.38 корвони иборат аз ду мошини кормандони САҲА аснои ҳаракат ба тарафи шарқии Курахово, ки дар 30 километии қисмати ғарбии Донетск ҷойгир аст аз сӯи афроди номаълуми низомипӯш тирборон  шуд. Фиристодаҳои вижаи созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар дари қафо ва паҳлӯии мошини боркаш аломете ду хати сафеди амудиро диданд",- омадааст дар гузориши махсуси САҲА.

"Як аскар аз ҷояш баланд шуда ҷониби корвони мошинҳои САҲА тир кушод. Гулӯлаҳои он 2 метр дуртар аз мошини дуввуми созмон афтиданд. Садои бархӯрдани тир ва ё пораҳои чизе ба гӯши кормандони САҲА расида, бо далели амниятӣ намояндагон дигар роҳро идома надода, ба қафо баргаштанд",- мегӯянд нозирон.

Ҳукумати Киев моҳи апрели соли равон алайҳи сокинони қисмати шарқии Украина, ки аз табаддулоти февралӣ норизо буданд, амалиёти низомиро оғоз кард. Тибқи иттилои СММ то 11 ноябр теъдоди қурбониёни низоъ дар байни сокинони осоишта ба 4,1 ҳазор расида, беш аз 9,7 ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бо миёнчигии Русияву САҲА дар таърихи 5 сентябр ҳукумати Украина ва мухолифони низомӣ (шибҳанизомиён)-и Донетск ба мусолиҳа  розӣ шуданд. Яке аз шартҳои аслии ин тавофуқ дар маркази низоъ ба фаъолият пардохтани гурӯҳи нозирони САҲА буд.

Пас аз баргузории интихоботи 2 ноябр  дар қаламрави ҷумҳуриҳои худгардони Донетск ва Луганск муноқишаи низомӣ авҷ гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар вайрон кардани шартҳои тавофуқ муттаҳам мекунанд.   

Барчаспҳо:
Мариинка, Курахово, тирборон, Киев, ҳамла, Донетск, САҲА

Мавзӯъҳои асосӣ