01:58 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Страница  М. Ибрагимова в Facebook

Дар Маскав ба ҷони як мухолифи тоҷик сӯиқасд сурат гирифтааст

© Sputnik
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Сабаби ҳамла ба ӯ номаълум аст, аммо ҳамандешони ӯ аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар мекунанд. Ба қавли онҳо, сӯиқасд ба ҷони Мақсуд Иброҳимов ба фаъолияти сиёсӣ ва муборизаи эшон бо режими Раҳмон рабт дорад, дар ҳоле ки ин сиёсатмадор ҷавон дар Тоҷикистон ҳанӯз ношинохта аст.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Раҳбари созмони ҷавонон "Барои эҳёи Тоҷикистон" ва узви раёсати эътилофи нирӯҳои мухолифин "Тоҷикистони нав" Мақсуд Иброҳимов дар шаҳри Маскав ҳадафи сӯиқасд қарор гирифтаааст, хабар медиҳад оҷонсии "Москва".

Ҳамла шаби 26 ба 27 ноябр дар шаҳри Маскав сурат гирифтааст.Ҷабрдида ҳадафи тир қарор гирифта, чанд ҷароҳати бо корд расонидашуда дорад, менависад оҷонсӣ бо истинод ба мақомоти интизомии Маскав.

"Иброҳимо айни замон таҳти муолиҷаи табибон қарор дорад, вазъи саломатии ӯ вазнин арзёбӣ мегардад",-иттилоъ медиҳад манбаъ.

ВКД ҳодисаи мазкурро тайид карда гуфтааст, афроди ношинос бо силоҳу корд  ба Иброҳимов дар кӯчаи Севан ҳамла кардаанд ва вазъи ӯ дар бемористон вахим аст. Бино ба қавли манбаъ, дар ҳоли ҳозир полис ба маълум кардани ҷузъиёти ин ҳодиса машғул буда, ҳамлагаронро ҷустуҷӯ дорад.

Ҳамзамон, эътилофи "Тоҷикистони нав" рӯзи 27 ноябр бо пахши як изҳорот ҳамла ба Иброҳимовро шадидан маҳкум кард. Дар ин изҳорот масъулияти сӯиқасд ба ҷони ӯ ба дӯши мақомоти интизомии ҶТ бор карда мешавад. Дар изҳорот омадааст, ки Иброҳимов баъди ташкили як силсила тазоҳуроти муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои мухталифи Русия бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати сиёҳ афтодааст.  

 

Барчаспҳо:
Тоҷикистони нав, Иброҳимов, Раҳмон, мухолифи тоҷик, ҳамла

Мавзӯъҳои асосӣ