Видои вазирону раисони тоҷик бо генерал Сӯҳроб Қосимов

© Sputnik / Амир ИсаевБарои видоъ бо генерал Сӯҳроб Қосимов, роҳбарони баландмақом аз ҳукумати ҶТ омаданд. А.Каҳҳоров, С.Аслов, М.Алимардон (аз рост ба чап дар акси пеш)
Барои видоъ бо генерал Сӯҳроб Қосимов, роҳбарони баландмақом аз ҳукумати ҶТ омаданд. А.Каҳҳоров, С.Аслов, М.Алимардон (аз рост ба чап дар акси пеш) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шерхон Салимзода, додситони кул, Муродалӣ Алимардонов, ноиби сарвазир, Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ вазири умури дохилӣ, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ ва дигарон то ин соат барои видоъ бо марҳум ҳозир шудаанд

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Вазирону раисони ҳукумати Тоҷикистон барои видоъ бо генерал Сӯҳроб Қосим ба манзили ӯ рафтанд, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Шерхон Салимзода, додситони кул, Муродалӣ Алимардонов, ноиби сарвазир, Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ вазири умури дохилӣ, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон то ин соат барои видоъ ба манзили ӯ воқеъ дар Душанбе ҳозир шудаанд.

Сӯҳроб Қосимов, собиқ фармондеҳи ФХ даргузашт

Генерал Суҳроб Қосим, собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ шаби гузашта бар асари бемории тӯлонӣ дар синни 53-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳамсояҳои Сӯҳроб Қосим гуфтаанд, вақтҳои охир марҳум аз бемории саратон ранҷ мебурд. Интизор меравад, маросими дафни собиқ фармондеҳ имрӯз, 16 декабр баргузор гардад. Дар мавриди макони ба хоксупории Суҳроб Қосимов феълан иттилои дақиқе нест, аммо яке аз пайвандонаш гуфтааст, эҳтимол ҷанозаашро ба ноҳияи Данғара баранд.

Лентаи хабарҳо
0