Ҷанҷоли оилавӣ дар Флорида- ду хоҳар бародари калониро куштанд

© wikimedia.orgТаппонча. Акс аз бойгонӣ
Таппонча. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду хоҳар бародари 16-солаи худро парронда, аз хона фирор кардаанд. Баъдтар ин фирориён ва волидайни онҳо аз ҷониби пулиси Коламбия боздошт гардиданд.

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Ду хоҳар аз минтақаи Уайт Спрингси ИМА бо иттиҳоми даст доштан дар қатли бародарашон аз ҷониби пулис дастгир шуданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Ба навиштаи оҷонсии маҳаллии ActionNewsJax.com, хоҳарони 11 ва 15-сола дар қатли бародари 16-солаашон даст доранд. Аснои вуқӯъи ҳодиса падару модари онҳо дар кор буданд.

Пулиси Коламбия мегӯяд, ҷанҷоли хонаводагӣ сабабгори марги ҷавон гардидааст. Пас аз хархаша, яке аз хоҳарон ба хонаи хоби волидайнаш даромада, силоҳро гирифта, бародарашро парронидааст.

Баъд аз ҳодиса, хоҳарон аз манзили зист фирор кардаанд. Аммо бо гузашти муддати кӯтоҳ волидайни эшон ва онҳо боздошт шудаанд. Ба падару модари хонавода бо иттиҳоми муносибати хунукназарона, ки боиси марги инсон шудаааст, айб эълон гардид.

Тафтишоти қазия дар пулиси Коламбия идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0