06:20 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Ҳавопаймои дорои муҳаррики сабуки Ryan PT-22 Recruit. Акс аз бойгонӣ

Ҳаррисон Форд аснои сукути ҳавопаймои шахсиаш ҷароҳат бардошт

wikimedia.org
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
111

Баъд аз садама ҳунарманд дар бемористон бистарӣ шуд. Писари Ҳаррисон Форд хабар дод, ки ҳарчанд падараш ҷароҳатҳо бардоштааст, вале ба ҳаёташ чизе таҳдид намекунад.

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Ҳунарманди саршиноси Ҳолливуд Ҳаррисон Форд бо ҳавопаймоии қадимаву қимматноки худ сукут кард ва ҳавопаймо ба майдончаи бози голф дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Санта-Моника афтид, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба пойгоҳи TMZ.

Шоҳидон ба хабаргузорӣ гуфтаанд, ки баъд аз сукут Форд баҳуш буд ва метавонист мустақилона қадам занад. Вай бо ҷароҳатҳои сар бистарӣ шуд ва вазъи саломатиаш феълан муттавасит арзёбӣ мешавад, менависад хабаргузории Ассошиэйтед Пресс.

"Ман дар бемористонам. Падарам хуб аст. Вай ҷароҳатҳо бардоштааст, вале вазъаш хуб аст. Вай ҳамон мардест, ки тассавураш мекардед", — иқтибос овардааст пойгоҳи TMZ аз суханони писари ҳунарманд Бен.

Ҳавопаймои дорои муҳаррики сабуки қадимии — Ryan PT-22 Recruit моли замони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ аст — ки аз сӯйи ҳунарманди 72 сола халабонӣ мешуд, дар наздикии Лос-Анҷелес сукут кард. Чанд лаҳза пеш аз сукут Форд бо мунназимони фурӯдгоҳ дар тамос шуда аз мушкил дар кори муҳаррик хабар дод.

Дар бораи шуғли ҳунарманд ба халабонӣ куллияи расонаҳо навиштаанд. Вай дар гузашта низ зимни халабонӣ ба сукутҳо рӯбарӯ шуда буд. Дар моҳи октябри соли 1999 чархбол зимни халабонии ҳунарманд дар наздикии шаҳри Санта-Кларита Калифорния сукут кард. Ҳунарманд ва устоди парвозҳояш он замон ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.

Тобистони соли 2014 ҳунарманд зимни иҷрои нақш дар филми "Ҷангҳои кайҳонӣ" пояшро шикаст: далели ин амр дари киштии кайҳонии Millennium Falcon ("Уқоби ҳазорсола") шуд, ки нақши халабонашро Форд бозӣ мекард.

Форд бештар аз силсилафилмҳои "Ҷангҳои кайҳонӣ", ки дар он нақши қочоқчии кайҳонӣ Хан Солро иҷро кардааст ва филмҳо дар бораи куҳаншинос Индиан Ҷонс шӯҳрат пайдо кардааст. Филми ахири вай — маҳзакаи ҷангомези "Бистҳо-3" мебошад.

Барчаспҳо:
ҳунарманд ҷароҳат бардошт, сукути ҳавопаймо, садама, TMZ, Ҳолливуд, Бен, Ҳаррисон Форд, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ