00:21 18 августи 2017
Пахши мустақим
Пораҳо аз аэробуси суқуткардаи А320

Lufthansa: далели сукути ҳавопаймои А320 тасодуфи нохуш буд

© AP/ Claude Paris
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Суқути ҳавопаймои А320-и Олмон дар Алп боиси марги 150 нафар гардид (3)
4 0 0

Ниҳодҳои интизомии Фаронса далоили дигари ин фоҷиаро сарфи назар намекунанд, вале ширкати ҳавоии Олмон, ки ширкати каммасрафи Germanwings вобастаи он аст, пофишорӣ дорад, далели аслии сукути ҳавопаймо ҳодисаи нохуш буд.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ниҳодҳои изтирорӣ умури наҷот дар кӯҳсори Алп, маҳалли сукути ҳавопаймои А 320 ширкати Germanwingsро идома медиҳанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳавопаймо, ки дар дохилаш 144 мусофир ва шаш нафар халабонҳову меҳмондорҳо буданд, рӯзи сешанбе дар манотиқи душворгузари кӯҳҳои Алпи Фаронса сукут кард. Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ, тавассути хатсайри 4U 9525 аз Барселонаи Испания ба Дюсселдорфи Олмон умдатан атбоъи Испания ва Олмон ва бархе аз кишварҳои дигар парвоз мекарданд. Ба иттилоъи мақомоти Фаронса, умеде, ки касе дар ин садама зинда монда бошад, вуҷуд надорад.

Ширкати ҳавоии Germanwings — ширкати каммасрафи олмонист, ки дар фурӯдгоҳи Кёлн-Бонн воқеъ асту вобаста ба ширкати Lufthansa мебошад. Germanwings аз фурӯдгоҳҳои шаҳрҳои Кёлн, Бонн, Штутгарт, Берлин, Гамбург, Дортмунд, Дюсселдорф парвозҳо анҷом медод. Дар Русия парвозҳои ин ширкатро фурӯдгоҳи "Внуково"-и Москав мепазируфт.

Тибқи иттилоъи манобеъи дастрас ширкати ҳавоии Germanwings 58 ҳавопаймо дар ихтиёр дорад, ки 16-тои он Airbus A320 мебошанд. Ба таври миёна ҳавопаймоҳои А 320 ин ширкат 23-сола мебошанд.

Дафтари фаронсавии таҳқиқи садамаҳои ҳавоӣ (ВЕА) сареъан ба бозрасии авомили сукути ҳавопаймои А 320 шурӯъ кард. Ба маҳалли фоҷиъа 7 нафар бозраси ВЕА ва ҳамчунин коршиносони Airbus ва масъулони корхонаи тавлиди муҳаррикҳои ин ҳавопаймо — ширкати CFM International эъзом шудаанд. Интизор меравад, ки ҳамтоёни олмонии онҳо низ ба таҳқиқи ин ҳодиса мепайванданд.

То субҳи рӯзи чаҳоршанбе наҷотдиҳандагон як "қуттии сиёҳи" ин ҳавопайморо пайдо кардаанд. "Ин қуттии сиёҳро мо байъди чанд соати ин фоҷиъа пайдо кардем. Мо аз он базудӣ истифода мекунем ва он имкон медиҳад, ки таҳқиқоти мо сареъан сурат бигирад", — гуфт ба хабарнигорон раҳбари ВКД Фаронса Казнев.

Додситони Марсел Брис Робен хабар дод, ки қуттии сиёҳи пайдошуда музокироти дохили ҳуҷраи халабонҳоро сабт мекард. "Ҳанӯз иттилоъе аз ин музокирот дар даст нест", — гуфт вай дар барномае дар шабакаи телевизионии BFMTV. Ин дар ҳолест, ки иттилоъе вуҷуд дорад, ки қуттии сиёҳ осеб бардоштааст.

Мавзуҳо:
Суқути ҳавопаймои А320-и Олмон дар Алп боиси марги 150 нафар гардид (3)
Барчаспҳо:
таҳқиқи сукути ҳавопаймо, ВЕА, Germanwings, Брис Робен, Фаронса, Олмон, Испания

Мавзӯъҳои асосӣ