06:30 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Раъду барқ. Акс аз бойгонӣ

Ҳалокати як сокини Суғд бар асари раъду барқ

© Sputnik / Михаил Мордасов
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Як сокини шаҳри Истаравшан, ки аз вай А.Ф. ном бурда мешавад, бар асари зарбаи шадиди раъду барқ 6 апрел кушта шудааст.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Бар асари раъду барқ дар як сокинони 32-солаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба ҳалокат расидааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Ин ҳодиса баъд аз зуҳри 6 апрели соли равон дар деҳаи Нофароҷи Истаравшан рух додааст, бо такя ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Суғд навиштааст оҷонсӣ.

Манбаъ мегӯяд, А.Ф. — сокини 32-солаи шаҳри Истаравшан дар натиҷаи зарбаи шадиди раъду барқ бар асари бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Барчаспҳо:
ҷароҳати ҷисмонӣ, зарбаи шадид, 32 сола, сокин, як нафар, раъду барқ, ҳалокат, Раёсати умури дохилаи Суғд, Истаравшан, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ