Дар Хатлон чаҳор корманди бахши шаҳрдорӣ ҷон бохтанд

 / Гузариш ба медиабонкСарпӯши партобгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Сарпӯши партобгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як гурӯҳи кормандони бахши шаҳрдории ноҳияи Хуросон ҳангоми тоза кардани қубури партоби манзили яке аз сокинони маҳаллӣ ҷон бохтаанд ва далели ин амр заҳролудшавӣ аз гази дудӣ будааст.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Чаҳор нафар корманди бахши манзилии ноҳияи Хуросон ҳангоми тоза кардани партобе рӯзи душанбе ҷон бохтаанд, хабар медиҳад сомонаи ВКД Тоҷикистон.

"Ин ҳодиса рӯзи душанбе ҳудуди соати 15:50 дақиқа рух додааст", — омадааст дар хабар.

Гурӯҳи кормандони бахши манзилии ноҳияи Хуросон ба тоза кардани партобе дар бахши хусусӣ машғул буд. Ҳамаи онҳо аз заҳролудшавӣ бо гази метан ҷон бохтаанд, омадааст дар хабари маркази матбуотии вазорати умури дохилӣ.

Лентаи хабарҳо
0