22:01 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Авзоъ дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Ҳамлаи Толибон ба зиндони Ғазнӣ ва фирори беш аз 200 маҳбус

© AP/ Rahmat Gul
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Ҷангиёни гуруҳи тундрави “Толибон” ба яке аз зиндонҳои Афғонистон дар шаҳри Ғазнӣ ҳамла карда, баъзе аз муҳофизонро куштаву назди даромадгоҳи маҳбас мошинеро тарконидаанд.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ҷангиёни гуруҳи Толибон дар пайи як ҳамла ба зиндони шаҳри Ғазнӣ 150 ҳаммаслакони худро озод кардаанд, ки боиси фирори беш аз 200 маҳбуси дигар ҳам шудааст, менависад, РИА новости бо истинод ба Рейтер.

"Ҷангиён дар тан либоси неруҳои низомии Афғонистонро доштанду хуб омодагӣ дида буданд",- гуфтааст муовини раиси шаҳри Ғазнӣ Муҳаммадалӣ Аҳмад.

Ба қавли ӯ, дар пайи ин ҳамла 4 муҳофизи зиндону 7 тан аз ҳамлагарон кушта шудаанд.

Тавре намояндаи гуруҳи "Толибон" Забеҳуллоҳ Муҷоҳид изҳор дошт, ин ҳамла субҳи рӯзи душанбе тақрибан соатҳои 02:00 ба вақти маҳаллӣ (02:30 ба вақти Душанбе)  сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин ҳамла, тамоми маҳбусони муассисаи ислоҳотии мазкур раҳо шудаанд.

Мақомоти маҳаллӣ то ҳол дар мавриди шумори дақиқи маҳбусони зиндон чизе намегӯянд.

Дар қаламрави Афғонистон гуруҳи террористии Толибон фаъол буда, ҳамеша бо неруҳи ҳукуматии ин кишвар дар ҳоли набард аст, ки дар аксари маврид қурбониёни ҳамлаҳои он сокинони осоишта мешаванд.

 

Барчаспҳо:
ҳуҷуми тундравҳо ба зиндони Ғазнӣ, фирори беш аз 200 маҳбус, ҳамла ба зиндон дар Афғонистон, ҳаракати "Толибон", Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, Ғазнӣ, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ