22:01 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ

ВКД: садамаҳои нақлиётӣ мунҷар ба марги 3 нафар гардиданд

© Sputnik / Илья Питалев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Рӯзи 13 сентябр як зани 51-сола, ронандаи мошини “Опел-Астра” ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба сӯи Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба канори рости роҳ баромада, автомашинаашро чаппа кардааст.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар пайи се садамаи нақлиётӣ дар рӯзҳои истироҳати 12 ва 13-уми сентябр ду зан кушта ва як нафар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудааст, хабар медиҳад сомонаи ВКД.

Рӯзи 12 сентябр ронандаи "ДЭУ-Сиелло", ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба самти ноҳияи Ҷ.Рӯмӣ, дар ҳудуди деҳаи Суғдиёни ноҳияи Бохтар пиёдагарди шахсияташ номаълум — зани тахминан 45-50-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа, ин зан дар беморхона фавт кардааст.  

"Барои муайян кардани шахсияти пиёдагард таҳқиқ идома дорад", — навиштааст сомона.

Рӯзи 13 сентябр як зани 51-сола, ронандаи мошини "Опел-Астра" ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба сӯи Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба канори рости роҳ баромада, автомашинаашро чаппа кардааст.

"Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", — хабар медиҳад ВКД.                          

Ҳамчунин, дар он рӯз як ронандаи дигар, сокини ноҳияи Ҳисор дар ҳудуди ин ноҳия аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, онро ба ҷарии 100-метр сарозер кардааст. Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири автомашинаи мазкур, зани 35-солаи сокини ноҳияи Ҳисор ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Барчаспҳо:
нақлиёт, 3 нафар, мошин, марг, садама, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ