ВАО: суқути чархбол ва ҳалокати 5 сарбози НАТО дар Кобул

© wikimedia.orgКобул. Акс аз бойгонӣ
Кобул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи гузориши Tolonews, дар ин ҳодиса 5 сарбози дигар ҳам маҷруҳ шудааст.

Душанбе, 12 окт — Sputnik. Дар пайи суқути як чархбол 5 сарбози пойгоҳи низомии Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО дар шаҳри Кобули Афғонистон ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад, оҷонсии Tolonews.

Манбаъ мегӯяд, маъмурини НАТО бо нашри як иттилоия хабари ҳалокати 5 сарбози худро тасдиқ карда, аммо дар бораи ҳуввияти онҳо чизе нагуфтаанд. Бар пояи хабари манбаъ, дар ин ҳодиса 5 сарбози дигар ҳам маҷруҳ шудааст.

Вазорати дифои Бритониё ҳам бо нашри як иттилоия гуфтааст, миёни сарбозони ҷонбохта дар пайи сарозер шудани ин чархбол, ки марбути неруҳои ин кишвар аст, ду сарбози ин ниҳод ҳам ҳаст.

Вазорати дифои Бритониё дар шарҳи хабари суқути чархболи худ гуфтааст, он дар пайи мушкилоти фаннӣ ҳангоми фурӯд омадан ба макони маъмурияти НАТО дар Кобул ба замин сарозер шудааст.

Дар иттилоияи НАТО замони суқути ҳавопаймо соати 04:15-и субҳи рӯзи якшанбе гуфта шудааст. Масъулини пойгоҳи низомии НАТО афзудаанд, ки таҳқиқи ҳодиса ва омилҳои суқути чархбол мавриди омӯзиш қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0