10:40 19 январи 2018
Пахши мустақим
Дармонгоҳи саҳроӣ барои осебдидагони заминларза дар Покистон

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Покистон ба 228 нафар расид

© Sputnik / Евгений Пахомов
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Заминларза дар Тоҷикистон (18)
2 0 0

Тибқи иттилои ахир, шумори ҳалокшудагон дар Афғонистон ба 63 нафар расид. Заминларзаи 7,5 баллӣ зуҳри душанбе соатҳои 14:09 ба вақти маҳаллӣ Афғонистонро такон дод.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Шумори қурбониёни заминларза дар Афғонистон ва Покистон ба 228 нафар расид, — навиштааст, РИА Новости бо истинод ба Ассошиэйтед Пресс.

Қаблан аз ҳалокати 188 нафар ва захмии 700 тан хабар дода буданд.

Заминларзаи 7,5 баллӣ зуҳри душанбе соатҳои 14:09 ба вақти маҳаллӣ Афғонистонро такон дод. Тибқи иттилои ахир, шумори ҳалокшудагон дар Афғонистон ба 63 нафар расид.

Дафтари матбуоти Созмони Милали Муттаҳид навиштааст, ки оҷонсиҳои ин созмон омодаанд, ба осебдидагони афғону покистонӣ дар пайи заминларза кӯмак кунанд.

"Оҷонсиҳои СММ сафарбар мешаванд ва омодаанд, дар амалиётҳои наҷотдиҳӣ дар ҳар ду кишвар, ки таҳти идораи ҳукумат қарор доранд, иштирок намоянд. Албатта, агар чунин дархост сурат бигирад",- омадааст, дар иттилоияи СММ.

Аз сӯи дигар, дабири кулли СММ Пан Ги Мун ҳам ба наздикону пайвандони қурбониён ҳамдардӣ баён кардааст.

Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
захмӣ, ҳалокат, Покистон, Мун, Ги, Пан, Афғонистон, қурбонӣ, заминларза, афзоиши шумори қурбониё, СММ, Пан Ги Мун, Покистон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ