23:57 16 январи 2018
Пахши мустақим
Рӯди Ванҷ дар ноҳияи Ванҷ. Акс аз бойгонӣ

Ванҷ: тахриби як манзили зист дар пайи заминларза

© Sputnik / Лев Устинов
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Заминларза дар Тоҷикистон (18)
22 0 0

Ба иттилоъи расида, маркази заминларза дар қаламрави ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон воқеъ буд.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Соати 12:51 ба вақти Душанбе дар қаламрави Тоҷикистон замин ҷунбид.

Бино ба иттилоъи Оҷонсии зилзиласанҷии Аврупо, маркази заминҷунбӣ дар атрофи минтақа ва шаҳраки Мурғоб дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, воқеъ дар 367 километрии ҷануби шаҳри Душанбе буда, шиддати зилзила дар ин ҷо 7,2 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст.

Дар ҳоли ҳозир, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ иттило надодааст.

Дар ҳамин ҳол, Наҷмиддин Муҳиддинов, устоди мактаби миёнаи рақами 24-и деҳаи Поймазори Ванҷ, воқеъ дар ВМКБ аснои суҳбати телефонӣ бо хабарнигори Sputnik гуфт, зилзилаи сахте замини русторо такон дод.

"Тахминан соати 12-51 замин сахт такон хӯрда, аз сақфи мактаб хок рехт. Аз кӯҳ ба деҳа чанд санги бузург сарозер шуд, хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд нарасид, аммо дар ҳамсоядеҳаи Ван-ван як манзили маскунӣ, ки ба Аҳмад Ризвонов таалуқ дорад, комилан тахриб гардидааст",- афзуд ӯ.

Маврид ба ёдоварист, шаби 23-юми ноябри соли равон низ Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон заминларзаи 5 баллиро ба қайд гирифта буданд, ки иқтидораш беш аз 5 бал арзёбӣ мегардид.

Рӯзи 26 октябри соли равон низ марокизи зилзиласанҷӣ заминларзаи 7,5 баллиро ба қайд гирифта буданд, ки соати тақрибан 14:09 бо вақти Душанбе Тоҷикистонро такон дода буд. Дар пойтахти Тоҷикистон иқтидори он 5-6 балл гуфта шуд. Ин заминларза инчунин Непал, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистонро ҳам такон дода буд.

 

Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
як хона вайрон шуд, хисороти моливу ҷонӣ нест, такони замин, зилзила, заминҷунбӣ, заминларза, Оҷонсии зилзиласанҷии Аврупо, КҲФ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, мактаби миёнаи рақами 24-и деҳаи Поймазори Ванҷ, Аҳмад Ризвонов, Наҷмиддин Муҳиддинов, Поймазор, Ван-ван, Бадахшон, ВМКБ, Мурғоб, Ванҷ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ