10:26 28 июни 2017
Пахши мустақим
Намои шаҳри Хоруғи ВМКБ. Акс аз бойгонӣ

ВКД: ҳалокати ду нафар дар шаҳри Хоруғ

© Sputnik Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
130 0 0

Вазъи саломатии се мусофири дигар вахим арзёбӣ гардида, алъон дар беморхона таҳти муоинаи табибон қарор доранд.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар пайи сангрезӣ дар шаҳри Хоруғ нақлиёти мусофиркаши  "Чанху" ё ба истилоҳ  "Тангем" бо 5 нафар ба чуқурии 83 метр  сарозер шудааст, иттилоъ медиҳад Вазорати умури дохила.

Ба иттилоъи манбаъ, ин ҳодиса замоне рух додаст, ки "Тангем" таҳти идораи ронандаи 19-сола аз самти "Боғи Ботаникӣ" ба кӯчаи Г.Имроншои шаҳри Хоруғ ҳаракат мекард.

"Аз сабаби боришоти зиёд ва фаромадани сел, аз болои кӯҳ санги калон афтида, ба чархи тарафи чапи автомашина задаст. Мошин ба ҷарии чуқуқрияш 83 метр чаппа шудаст ва дар натиҷа, худи ронанда ва мусофираш ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Хоруғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Тибқи иттилоъи ВКД, 3 мусофири дигар- марди 24 ва 23-сола, сокинони шаҳри Хоруғ ва сокини 21-солаи ноҳияи Шуғнон бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтаанд.

Мавзуъ

ВКД: ду садама дар Хатлон ду кушта бар ҷой гузошт
Барчаспҳо:
фалокат, сангрезӣ, ҳалокат, садама, БДА, ВКД, ВМКБ, Хоруғ

Мавзӯъҳои асосӣ