23:31 30 апрели 2017
Пахши мустақим
Акси Саидшоҳ Исломов аз саҳифаи Фейсбук

Дар арафаи рӯзи таваллуд курсанти тоҷик дар Иркутск ба ҳалокат расид

© Sputnik
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
67 0 0

Ҳодисаи фоҷиабор-кушта шудани донишҷӯи бахши дуюми донишкадаи Сибири Шимолии ВКД-и Русия Саидшоҳ Исломов ҳанӯз рӯзи 12 июн ба вуқӯъ пайваста буд. Аммо дар бораи ҳодиса танҳо имрӯз ҳангоме, ки ҷасади курсант ба Тоҷикистон фиристода шуд, маълум гардид.

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ба гуфти намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ, ҳодиса рӯзи 12 июн ба вуқӯъ пайваст. Баъди ифтор курсант ҳамроҳи ҳамсабақонаш ба кӯча баромад. Дар кӯча миёни ӯ ва гурӯҳи ҷавонони номаълум муноқиша бархост.

Дар пайи муноқиша яке аз аъзоёни гурӯҳ бо зарбаи корд ба ӯ ҳамла карда ба қатл расонид.

"Айни ҳол гумонбаршудагон дастгир гардида, таҳти таҳқиқи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд. Ҷасади курсанти ҳалокшуда ба Тоҷикистон фиристода шуд",-изҳор дошт Сарвар Бахтӣ.

Ҳоло бо зарурати гузаронидани тафтишот ному насаби дастгиршудагон ифшо нашудааст. Барои ҳамин кормандони тафтишотӣ аз ВАО дархост карданд, дар бораи ин маълумот дода нашавад.

Рӯзи 21 июн марҳум 20 сола мешуд.

Барчаспҳо:
курсанти бахши 2, ба ҳалокат расид, Сарвар Бахтӣ, Саидшоҳ Исломов, Иркутск

Мавзӯъҳои асосӣ