Ҳамлаҳои террористии соли 2016: қурбониёни таркишҳо

© REUTERS \ ERIC GAILLARDМошини террорист, баъди тирпаррорнии кормандони пулис. Акс аз бойгонӣ
Мошини террорист, баъди тирпаррорнии кормандони пулис. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамла дар Нитса яке аз бузургтарин амалҳои террористӣ аз ҷиҳати шумораи қурбониён, ки 84 нафар кушта бар ҷой гузошт, мебошад. Аксари ҳамлаҳои террористӣ ба мардуми осоишта дар соли 2016 аз ҷониби гурӯҳи терористии Давлати Исломӣ анҷом дода шудаанд.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Фаронса, Белгия, Туркия, Ироқ, Сурия, Нигерия, Афғонистон, Бангладеш, Яман — ҷуғрофияи ҳамлаҳо дар соли 2016 дар афзоиш аст. Ин дафъа ҷашни "Рӯзи ишғоли Бастилия" дар Нитса бо фоҷиаи бузург анҷом ёфт.

Мақомоти Фаронса гунаҳкори ҳамлаи террористӣ дар Нитсаро муайян кард

Шоми рӯзи 14 июл ронандаи боркаш  мардуми осоиштаро пахш намуда ба сӯяшон оташ кушод. Дар пайи ҳамлаи террористӣ 84 нафар ба ҳалокат расида, 18 кас бо ҷароҳатҳои вазнин дар ҳолати беҳушӣ қарор дошта, 50 нафари дигар замӣ шудаанд.

Ҳамлаҳои бузургтарини соли 2016

12 ва 13 июл дар қисми шимолии Бағдод ду таркиш ба амал омад. Дар инфиҷори аввал 11 нафар ба ҳалокат расида таркиши дуюм ҳафт кушта бар ҷой гузошт.

 8 июл на кам аз 12 нафар дар пайи ҳамлаи террористи худкуш, ки дар масҷиди шаҳри Дамбоаи иёлоти Борнои Нигерия ба вуқӯъ пайваст, ба ҳалокат расид.

Шаби 7 июл бар асари  якқатор таркишҳо дар шаҳри Балад, ки дар қисми шимолии Ироқ ҷойгир аст тақрибан 40 нафар ба ҳалоат расида 75 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Шаби 2 июл мошин дар дохилаш маводҳои тарканда дар маркази Бағдод, ҷое, ки тарабхонаҳои зиёд он ҷо воқеъ ҳастанд, таркид. Таркиши фоҷиабор чанд бинои наздикро ба сухтор дучор кард. Дар пайи он 292 нафар ҳалок шуданд.

Шоми 1июл террористони мусаллаҳ ба тарабхонаи шаҳри Дакка (Бангладеш) ҳуҷум карданд. Рӯзи баъди пулиси кишвар ҷои ҳодисаро тафтиш карда, шаш террористро нобуд кард. Дар рафти амалиёти вижа 13 нафар аз дасти ҷанггиён озод карда шуда, 20 нафар қурбон гардиданд.

Шоми 28 июн се таркиши бузург дар фурӯдгоҳи Отатурки Туркия рух дод. Бар асари таркишҳо 44 нафар ба ҳалокат расид аз онҳо 19 нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил доданд, 239 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

© REUTERS \ MURAD SEZERВазъияти фурӯдгоҳ дар Туркия
Ситуация в аэропорту Анкары - Sputnik Тоҷикистон
Вазъияти фурӯдгоҳ дар Туркия

Субҳи рӯзи 20 июн дар Кобули Афғонистон микроавтобус, ки дар дохили он кормандони ҳифзи ҳуқуқи зодагони Непал қарор доштанд таркид. 14 нафар дар пайи таркиш ҳалок шуда на кам аз ҳашт кас захмӣ гардид.

11 июн ду таркиш дар минтақаи аҳолинишини Сеид Зейнаби Сурия рух дод. Таркиши аввал аз ҷониби террористи худкуш ба амал оварда шуда, инфиҷори баъдӣ ба вуқӯъ пайваст. 16 нафар қурбони ду таркиш гардида, 46 каси дигар захмӣ шуданд.

9 июн дар ду ноҳияи пойтахти Ироқ шаҳри Бағдод ду таркиш ба амал омад. Инфиҷори аввал дар нуқтаи аҳолинишини Ал-Ҷадид дар қисми шимолии Бағдод рух дода, таркиши дуюм дар шаҳри Таҷӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар пайи ду инфиҷор 28 нафар ба ҳалокат расид.

7 июн таркиши бузург дар ноҳияи Баязиди маркази Истамбул зимни гузаштани автобуси кормандони ҳифзи ҳуқуқ рух дод. 11 нафар дар пайи ҳамлаи террористӣ ҳалок шуда, 36 каси дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

17 май на кам аз 13 нафар бар асари таркиши ду бомб дар Бағдоди Ироқ, 40 тани дигар захмӣ шуданд. Мошини дар дохилаш бомба дошта дар қисми ҷанубии ноҳияи Ар-Рашид таркид. Таркиши дуюм дар бозори ноҳияи Аш-Шааб рух дод.

Рӯзи 15 май террористи худкуш худро дар ҷануби Яман тарконида дар пайи он 41 нафар ба ҳалокат расида 60 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

11 май пойтахти Ироқ як қатор таркишҳоро аз сар гузаронд, ки дар пайи он 94 нафар ҳалок шуда, 150 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ҷавобгарии таркишро гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бар ӯҳда гирифт.  

10 май таркиши мошини боркаш дар Туркия ҷони 16 нафарро рабуд.

30 апрел мошини боркаш, ки дар дохилаш маводи тарканда ҷой дода шуда буд, дар Нахравани Бағдод таркида, 19 кушта бар ҷой гузошт.

22 апрел на кам аз 25 нафар бар асари таркиш дар масҷиди Ироқ ҳалок гардиданд.

19 апрел дар маркази Кобули Афғонистон ду инфиҷор рух дод. 64 нафар дар пайи таркиш ба ҳалокат расида 347 каси дигар захмӣ шуд.

Субҳи рӯзи 22 март дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Брусел ду таркиш ба амал омад. Таркиши сеюм каме баъдтар дар дохили вагони қатора ба вуқӯъ пайваст. Дар пайи амалиёти террористӣ 32 нафар ҳалок ва зиёда аз 300 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

© REUTERS \ FRANCOIS LENOIRТерминали фурӯдгоҳи Бруссел
Терминал международного аэропорта в Брюсселе, где взорвалась бомба - Sputnik Тоҷикистон
Терминали фурӯдгоҳи Бруссел

Ҷавобгарии инфиҷорро ҳаракати тундрави Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бар душ гирифт.

Шоми рӯзи 13 март дар маркази шаҳри Истамбули Туркия дар истгоҳи автобус ҳангоми зиёд шудани шумораи мардум мошини бомбадор таркид. Бар асари таркиш 37 нафар ҳалок шуда, 125 каси дигар захмӣ гардиданд.

29 феврал дар Ироқ террористи худкуш худро дар маросими видои нафаре  тарконд. Бино ба иттилои ВАО 35 нафар ба ҳалокат расида 50 тани дигар захмӣ шуданд.

9 феврал террористон ба лагери иёлоти Боно ҳуҷум намуданд. Дар пайи якқатор таркишҳо зиёда аз 60 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар захмӣ шуданд.

31 январ дар қисми ҷанубии Димишқ се таркиш рух дод. Дар пйи се таркиш биноҳио истиқоматӣ, мағозаҳо ва бозорҳо харобу валангор шуда, 76 нафар ба ҳалокат расид ва 128 тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0