Дар сафоартхонаи Чин дар Бишкек таркиш ба амал омад

© Sputnik / Табылды КадырбековКормандони полис дар ҷойи ҳодиса дар Бишкек
Кормандони полис дар ҷойи ҳодиса дар Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷойи ҳодиса ҷасади як нафар ёфт гардидааст, ки тибқи маълумотҳои пешакӣ дар дохили автомашинаи таркишёфта қарор дошт. Дар ҷои ҳодиса гурӯҳи тафтишотию фаврӣ кор карда истодаанд.

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Саҳарии барвақт дар ҳудуди сафоратхонаи Чин дар ҷумҳурии Қирғизистон таркиш ба амал омад, хабар медиҳад Sputnik Кыргызстан.

Шоҳидон хабар доданд, ки дар қисми ҷанубии Бишкек таркиш ба амал омадааст. Аз хадамоти ёрии таъҷилӣ гуфтанд, ки аз ин қисми шаҳр занг ворид гардидааст.

Чуноне ки хадамоти матбуотии ВҲФ хабар медиҳад ба ҷои ҳодиса вазир Кутабек Боронов расида омадааст.Дар он ҷо аллакай кумитаи сӯхторхӯмӯшкунанда, наҷотдиҳандагон ва гурӯҳи фаврӣ қарор доштанд.Аммо кормандони сафорати Чин онҳоро ба дохили ҳудуди намояндагии дипломатӣ роҳ надоданд.

Дар хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар медиҳанд, ки дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи тафтишотиву фаврӣ кор карда истодааст.

"Як нафар фавтидааст, ки мувофиқа маълумотҳои пешкӣ дар дохили автомашинаи таркишёфта қарор дошт. Табибон ба ду нафар кормандони сафорат ёрии таъҷилӣ расониданд, як нафар зани зарарбардошта ба табибон худаш муроҷиат кардааст",- хабар медиҳад намояндаи вазорти тандурустии Қирғизистон Елена Баялинова.

Дар ҷойи ҳодиса як гурӯҳ кормандони ёрии таъҷилӣ ва ҷойнишини сардухтури маркази ёрии таъҷилӣ қарор доранд.

 



 

Лентаи хабарҳо
0