13:47 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Ҳангоми сохтмон. Акс аз бойгонӣ

Сохтмончиён дар пайи чаппа шудани девор дар Маскав захмӣ шуданд

© Sputnik / Константин Чалабов
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Масоҳати умумии хишти чаппашуда, ки дар ошёнаи дуюми бинои таъмирталаб мавҷуд буд, нӯҳ мнтри мураббаро ташкил дод

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Маскав дар пайи чаппа шудани девор ду нафар ҷароҳат бардошт.

"Дар натиҷаи чаппа шудани хишти девор ҳангоми рафти кор дар кӯчаи Волоколамское, хонаи 116 ду нафар захмӣ гардид",- хабар медиҳад РИА новости бо такя ба манбаъ дар хадамоти садамавии пойтахт.

Ба гуфти ӯ ин ҳодисаи фавқуллода дар ҳудуди академияи коммуналии ба номи Панфилов ба вуқӯъ пайваст. Масоҳати умумии хишти чаппашуда, ки дар ошёнаи дуюми бинои таъмирталаб мавҷуд буд, нӯҳ мнтри мураббаро ташкил дод.

Як нафар захмшуда дар бемористони Боткинск бистарӣ гардида, дуюмин дар табобатхонаи  № 6 хобонда шуд. Ҳолати онҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад. Сабабҳои дигари ҳодиса аз ҷониби хадамотҳои дахлдор санҷида мешаванд.

Мавзуъ

Сохтмончиён аз баландии 15 метр сарозер шуданд. Дар Маскав
Барчаспҳо:
захмӣ шудани ду нафар, чаппа шудани девор, хадамоти садама, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ