08:01 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Сӯхтор дар Маскав. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи сӯхтор дар Маскав ду нафар ҷароҳат бардошт

Пресс-служба МЧС РФ
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Маркази сӯхтор, ошёнаи панҷуми бинои панҷошёна будааст. Вазъи саломатии яке аз маҷрӯҳшудагон вазнин арзёбӣ мегардад.

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар пайи сӯхтор дар пойтахти Русия ду нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, вазъи саломатии якеаш бад арзёбӣ мегардад, хабар медиҳад МЧС-и Маскав.

"Масоҳати умумии сӯхтор 30 метри мураббаъро ташкил дода, он соати  10.15 хомӯш карда шуд. Сӯхтор дар кӯчаи Туристская, (хонаи 3) ба вуқӯъ пайваста, дар пайи он ду нафар ҷароҳат бардоштанд",-омадааст дар хабарнома дар саҳифаи Twitter.

Чуноне манобеи РИА Новости хабар медиҳанд, маркази сӯхтор ошёнаи панҷуми бинои панҷошёна будааст. Дар пайи сӯхтор ду нафар ҷароҳат бардошта, вазъи якеаш вазнин арзёбӣ мегардад.

Мувофиқи маълумоти хадамоти матбуоти МЧС-и шаҳрӣ захмишудагон ба воситиаи чархбол ба бемористон интиқол дода мешаванд.

Барчаспҳо:
сӯхтор, МЧС Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ