20:53 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Байрақи Давлати Исломӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар Афғонистон 30 нафар аз дасти ҷангиёни ДИ ба қатл расонида шуданд

© AFP/ TAUSEEF MUSTAFA
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Ҷангиёни Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) 30 нафар аҳолии ғайринизомиро рабуда, онҳоро ба қатл расонидаанд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар Афғонистон 30 нафар аҳолии ғайринизомӣ аз дасти ҷангиёни Давалти исломӣ ба қатл расонида шуданд, хабар медиҳад, рӯзи чоршанбе Би-би-си бо такя ба ҳукумати Афғонистон.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионӣ ҷангиён дар манотиқи баланкӯҳ ба мардум ҳамла кардаанд. Ҳангоме, ки мардуми маҳаллӣ ба ёрии онҳо омаданд, ҷангиён онҳоро ба қатл расониданд.

Қайд мегардад, ин ҳуҷум чун ҷавоб ба нобуд кардани яке аз роҳбарони Давлати Исломӣ аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон мебошад.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.

Давлати исломӣ
© Инфографика.
"Давлати исломӣ"

 

Мавзуъ

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон: зудухӯрди мусаллаҳона ва мусодираи ҳероин
Афғонистон: танҳо баробарию бародарӣ метавонад сулҳ биёрад
Барчаспҳо:
30 нафар ҳалок, Давлати Исломӣ, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ