Зилзилаи 7,1 баллӣ Италияро такон дод

© Sputnik / Наталия Шмакова / Гузариш ба медиабонкОқибатҳои заминларза дар Италия. Акс аз бойгонӣ
Оқибатҳои заминларза дар Италия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар торномаи маркази заминларзасанҷии баҳри Миёназамин (EMSC) хабар дода мешавад, ки маркази заминҷунбӣ дар 10-километрӣ ҷойгир шуда, 6,6 баллро ташкил дод

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар қисми марказии Италия санаи 30-юми октябр заминҷунбии шадид ба амал омад, хабар медиҳад РИА Новости.

Бино ба маълумоти  RAITV-и маҳаллӣ зминларза соати 07.41 (11.41 душ) ба вуқӯъ пайваста, қувваи он 7,1 баллро ташкил дод. Дар торномаи маркази заминларзасанҷии баҳри Миёназамин (EMSC) хабар дода мешавад, ки маркази заминҷунбӣ дар 10-километрӣ ҷойгир шуда,  6,6 баллро ташкил дод.

Қувваи заминларза чунон шадид буд, ки сокинони пойтахти Италия, ки дар ин  вақт  хоб буданд, аз ҷунбиши деворҳои хонаҳояшон бедор шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми октябр дар қисми марказии Италия заминҷунбӣ ба амал омад. Маркази заминларза дар 9-километрии ноҳияи Мачерата (вилояти Марке) ҷойгир шуда буд. Дар баробари ин баъди он боз чор заминҷунбии дигар бо шиддати 4,0 дар Италия ба қайд гирифта шуд. Дар пайи он чандин оилаҳо бе сарпаноҳ монданд.

Лентаи хабарҳо
0