20:54 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Ҳамлаи террористӣ ба консулгарии Олмон дар Мазори Шариф. Акс аз бойгон

Cафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи террористӣ дар Мазори Шариф захмӣ шуд

© REUTERS/ Anil Usyan
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
6110

Ҷанговари худкуш шаби ҷумъа бо мошини бомбадор ба бинои меҳмонхонаи Mazar Hotel, ки онро сиёсатмадорони олмонӣ ба сифати консулгарӣ истифода мебаранд, зада даромад

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар пайи ҳамлаи ҷангиёни гурӯҳи "Толибон" ба бинои консулгарии Олмон дар Мазори Шариф сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ҷароҳат бардошт, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии Пажвок.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар натиҷаи ҳамлаи терррористӣ чор нафар ба ҳалокат расида, 120 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ҷанговари худкуш шаби  ҷумъа бо мошини бомбадор ба бинои меҳмонхонаи Mazar Hotel, ки онро сиёсатмадорони олмонӣ ба сифати консулгарӣ истифода мекарданд, зада даромад. Инфиҷори дуюм дар дохили бино ба вуқӯъ пайваст. Баъди ин дар назди бинои меҳмонхона  тирпарронӣ шурӯъ шуд.

Намояндаи гурӯҳи ҷиноии "Толибон" изҳор дошт, ки ин ҳамла амали ҷавобӣ ба ҳуҷуми қувваҳои ҳавоии Амрико дар вилояти Қундуз, ки дар пайи бомбаборон кардани ин минтақа 30 нафар аз сокинони ғайри низомӣ ба ҳалокат расиданд, мебошад.

Барчаспҳо:
ҷароҳат бардоштани сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ҳамлаи террористӣ, ҳалокат, Толибон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ