Марги 17 мусофир дар пайи афтидани автобус ба ҷарӣ

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкТаиланд. Шаҳри Паттайя. Акс аз бойгонӣ
Таиланд. Шаҳри Паттайя. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Таиланд автобус ҳангоми ҳаракат дар роҳи кӯҳистон аз самти хеш бедрун гашта, ба ҷарии 150-метра афтид, ки дар натиҷаи садама 17 нафар мусофир фавтанд ва зиёда аз 20 нафаи дигар ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳанд ВАО-и маҳаллӣ

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik.Дар Таиланд ҳангоми дар музофоти кӯҳистонии Уттарадит ба ҷарӣ афтидани автобуси байнишаҳрӣ 17 нафар шаҳрвандон вафот карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Ширкати телевизионии миллии кишвар.

Садама рӯзи сешанбе тақрибан соатҳои 10  рӯй додааст. Автобус ба самти шимол аз шаҳри Пхра ба Бангок равон мегашт ва дар дохили он 40 нафар мусофирон қарор доштанд.

Сабаби аз роҳ берун шудани автобус маълум нест.

Хадамотҳои ҳолатҳои фавқуллода ба ҷароҳатбардоштагон кӯмак мерасонанд, қисме аз ҷароҳатбардоштагон ба беморхона бурда шуданд, омадааст дар хабар.

Лентаи хабарҳо
0