01:02 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Сохтмон.Акс аз бойгонӣ

Ҳалокати муҳоҷири сарозершуда дар Екатеринбург

© Sputnik / Александр Кряжев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
8101

Ду сохтмончӣ аз ошёнаи 17-ум ба замин сарозер шуданд. Шахсияти ҳар ду нафар ҳам маълум гардида қайд мешавад, ки онҳо мардони соли таваллудашон 1984 ва 1978 мебошанд.

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ду коргари сохтмон, ки якеашон шаҳрванди Узбакистон мебошад,  дар Екатеринбург аз баландии ошёнаи 17-ум сарозер шуда, ба ҳалокат расиданд.

Шахсияти ҳар ду нафар ҳам маълум шудаст. Ин мардони соли таваллудашон 1984 ва 1978 мебошанд. Зодгоҳи шахси дуюм маълум карда мешавад.

Мувофиқи маълумоти ВАО-и маҳаллӣ ҳодиса имрӯз, 28-ноябр дар ноҳияи ЖБИ дар сохтмони бинои 25-ошёнаи "Олимп", ки дар кӯчаи 40-солагии Комсомол воқеъ аст, ба амал омадааст.

"Тибқи маълумоти пешакӣ, имрӯз санаи 28-уми ноябр тақрибан соати 10.30 дар мадйони сохтмонӣ дар пайи канда шудани қисми сими сохтмонӣ ду коргар аз ошёнаи 17-ум сарозер шуда, ба ҳалокат расидаанд ",-қайд мекунад прокуратура.

Ба гуфти роҳбари хадамоти матбуоти сарраёсати ВКД-и Русия дар вилояти Свердлов Валерий Горелих ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагон равон карда шуданд.

Барчаспҳо:
сарозер шудан аз ошёнаи 17-ум, марги ду сохтмончӣ, ВКД-и Русия, Екатеринбург

Мавзӯъҳои асосӣ