01:03 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ

Ҳавопаймо бо гурӯҳи футболбозон дар Колумбия суқут кард

© Sputnik / Максим Блинов
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Ҳавопаймо, ки дар дохилаш 80 мусофир қарор дошт ва аз Боливия ба Менделина парвоз мекард, суқут кард. Амалиёти наҷотдиҳӣ дар бастагӣ бо суқути ҳавопаймо дар минтақаи кӯҳӣ мушкил аст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар Колумбия ҳавопаймо суқут кард.  Якчанд мусофирон тавонистанд, наҷот ёбанд, хабар медиҳад 360 Radio Colombia.

Тими Бразилия барои бозии авввалини даври финалии ҷоми Амрикои Ҷанубӣ ба Меделина парвоз мекард. Онҳо бо дастаи "Атлетико" бояд вомехӯрданд.

Тибқи иттилои 360 Radio Colombia дар дохили ҳавопаймо 80 мусофир қарор дошта, 27-нафари онҳоро бозигарони тими "Шапекоэнсе" ташкил медиҳанд.

Амалиёти наҷотдиҳӣ дар бастагӣ бо суқути ҳавопаймо дар минтақаи кӯҳӣ мушкил мешавад, чунки ба он минтақа дастрасии мошинҳои ёрии таъҷилӣ номумкин аст.

Барчаспҳо:
суқути ҳавопаймо, Шапекоэнсе, Колумбия

Мавзӯъҳои асосӣ