01:03 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Пораҳои ҳавопаймои афтида дар Колумбия. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи суқути ҳавопаймо дар Колумбия 75 нафар ҳалок шуд

© Фото: Andres Felipe Arcos
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Сардори пулиси Меделина Хосе Асеводо марги 75 нафарро дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар Колумбия тасдиқ кард, хабар медиҳад фрурудгоҳ дар саҳифаи Twitter

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Мақомоти пулиси Меделина марги 75 нафарро дар пайи ҳодисаи фоҷиабор бо футболбозони бразилиягӣ тасдиқ мекунад, хабар медиҳад фурудгоҳи шаҳрӣ.

"Сардори пулиси Меделина Хосе Асеводо ба ҳалокат расидани 75 нафарро дар пайи ҳодисаи фоиҷабор тасдиқ мекунад",-хабар медиҳад фурудгоҳ дар саҳифаи Twitter.

Қаблан хабар дода шуд, ки  дар дохили ҳавопаймо 81 нафар қарор доштанд. Аз миёни онҳо шаш нафар зинда монда, шахсияти 27 ҷасади  дигар маълум карда шуд.

Ҳавопаймо, ки дар дохили он футболбозони Бразилия қарор доштанд дар Колумбия суқут кард.

Ҳодиса дар ноҳияи Ла-Уньони  вилояти Антиокия ба вуқӯъ пайваст. Дар дохили ҳавопаймо 72 мусофир ва 9 аъзои сарнишинон қарор доштанд. Қабл аз канда шудани алоқа, ҳайати сарнишинон дар бораи ҳолати садамавӣ хабар доданд. Раиси шаҳр  Ла-Сеха изҳор дошт, ки сабаби садамаи ҳавопаймо нарасидани сӯзишворӣ буд.

Барчаспҳо:
футболбозони Бразилия, марги 75 нафар, суқути ҳавопаймо, Хосе Асеводо, Колумбия

Мавзӯъҳои асосӣ