02:36 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Гул дар назди сафорати Туркия дар Маскав. Акс азбойгонӣ

Фоҷиа дар шаби Соли нав: ҳалокати 39 нафар дар Истамбул

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
13600

Ашхоси номаълум бо либосҳои Бобои барфӣ шоми Соли нав дар яке аз клубҳои шаҳри Истамбул аз автомати Калашников ба сӯи мардум оташ кушоданд

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Шаби Соли нав дар шаҳри Истамбул дар пайи ҳамлаи террористӣ 39 нафар ба ҳалокат расида,69 каси дигар ҷароҳатои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Байни ҳалокшудагон 16 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, изҳор дошт вазири вазорати корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу, менависд РИА Новости. Дар пайи ҳамлаи террористӣ дар клуб 39 нафар ба ҳалокат расида, 69 каси дигар ҷароҳатҳои вазнин бароштанд.

"Ҷустуҷӯи террористон идома дорад. Умедворам, ки террористон зуд дастгир мешаванд",-илова кард вазир.

Чуноне хабар дода мешавад, шахсияти 21 нафар маълум карда шуда, 16 нафари онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Ҳамлаи террористӣ шоми Соли нав дар клуби Reina дар Истамбул ба амал омад. Бино ба иттилои ВАО ашхоси номаълум бо либосҳои Бобои барфӣ шоми Соли нав дар яке аз клубҳои шаҳри Истамбул аз автомати Калашников ба сӯи мардум оташ кушоданд.

Мавзуъ

Туркия мехоҳад то Соли нав дар Сурия сулҳ барпо кунад
Сафири Русия дар Туркия кушта шуд
Барчаспҳо:
шоми Соли нави 2017, 69 кас захмӣ, ҳалокати 39 нафар, ҳамлаи террористӣ, ВКД-и Туркия, Истамбул

Мавзӯъҳои асосӣ