10:19 27 апрели 2017
Пахши мустақим
Автомобили кумитаи тафтишотӣ, акс аз бойгонӣ

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Чита кушта шуданд

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
232 0 0

Ду марди тоҷик дар вақти харидорӣ намудани миқдори зиёди чормағзи санавбар аз милтиқи шикорӣ кушта шуданд. Ҷинояткорон пулҳои онҳоро дуздида, ҷасадҳои қурбониёнро пинҳон карданд

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik.Дар Чита куштори ду шаҳрванди 31-сола ва 55-солаи  Тоҷикистон ошкор гардид,  хабар медиҳад сомонаи Кумитаи тафтишотии Русия дар ноҳияи Зубайлск.

Мувифиқи ахбори тафтишот ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон санаи 30-уми декабр бенишон гаштанд. Пештар онҳо аз Чита ба ноҳияи Улётовский барои бастани созишномаи савдо рафта, гум шуданд.  Бо ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардид ва гурӯҳи тафтишотиву фаврӣ ташкил карда шуд.

Маълум гардид, ки ҷонояткорон сокинони маҳалии 31 ва 34-сола будаанд.

"Мувофиқи маълумоти тафтишот, ҷинояткорон пашакӣ нақшаи кушторро кашида буданд. Онҳо бо қурбониён дар бораи фурӯши миқдори зиёди чормағзи санавбар маслиҳат карданд. Вақте ки харидорон ҳозир шуданд ҷинояткорон онҳоро бо мимлтиқи шикорӣ кушта,  ҷасадҳояшонро ба мошин бор карда, пулҳояшонро дуздиданд ",-омадааст дар маводи тафтишот.

Дар куштор як нафар  сокини Чита даст дорад, ки пештар ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буд.

Ба наздики нисбати гумонбашавандагон хулосаи айбдоршавӣ бароварда мешавад ва муфаттишон нақши ҳар яки онҳоро дар куштор муайян мекунанд.

Барчаспҳо:
чормағзи санавбар, савдо, куштор, шаҳрвандони Тоҷикистон, Чита, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ