01:36 28 апрели 2017
Пахши мустақим
Бархӯрди қаторҳо дар ғарби Маскав

"Оҳанроҳи Русия": рафту омади қаторҳо миёни Маскав ва Белорус барқарор шуд

© Sputnik / Илья Питалев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1410

Дар паи бархӯрди як қатори барқӣ бо қатори мусофирбарии Маскав - Брест, ки шанбе шаб, 8 апрел соати 22:15 дар ғарби шаҳри Маскав рух дод, беш аз 50 мусофир осеб дида ва ду тан сахт захмӣ шудаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар он миён нестанд

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Ширкати "Оҳанроҳи Русия" эълом кард, ки ронандаи қатори барқии Маскав — Усово барои пешгирӣ аз тасодуф бо раҳгузаре, ки мехоста роҳашро бибурад, қаторро изтироран боз истонда аст. Аммо қатори Маскав — Брест, ки дар паи он меомада, натавонистааст боз истад ва аз пушт бо он бархӯрдааст. Дар натиҷа ду вагони қатори барқӣ аз роҳ берун афтода ва даҳҳо мусофир захмӣ шудаанд.

Бино ба гузориши ширкати "Оҳанроҳи Русия", қатори Маскав — Брест 455 мусофир дошта, ки беш аз 50 касашон осеб дидаанд ва 12 мусофир ба бемористон бурда шудаанд. Дар феҳристе ки ин ширкат мунтариш карда, номе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дида намешавад. Вале дар қатори шаҳрии Маскав — Усово танҳо ронандаву ёвараш ва ду бозрас ҳаракат доштаанд.

Дар паи ин рухдод рафту омад дар роҳи оҳани Маскав — Брест барои чанд соат баста шуд ва қаторҳо бо деркарди панҷсоата ба мақсад равон шудаанд.

Кумитаи бозҷӯии Русия гуфт баррасии ин рухдодро оғоз кардааст.

Барчаспҳо:
тасодуф, қатор, тасодуф, Маскав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ