13:04 17 августи 2017
Пахши мустақим
Пулиси мисрӣ

Инфиҷор дар калисои масеҳиён дар Миср: 30 кас кушта шуд

Ulija Labunskaja
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2810

Бино ба гузориҳои дарёфтӣ, камубеш 30 тан аз намозгузорон дар инфиҷори бумбе дар калисои масеҳиёни мисрии шаҳри Танто дар устони Ғарбия кушта шудаанд

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Расонаҳои мисрӣ гузориш медиҳанд, ки бумбгузоре худро дар намозгоҳи калисои Мар-Гиргис таркондааст. Имрӯз дар ин намозгоҳ масеҳиёни бисёре барои намози иди Якшанбеи Нахл гирд омада будаанд. Дар паи ин инфиҷор камубеш 30 кас кушта ва 50 то 70 кас захмӣ шудаанд.

Ҳамчунин гузориш мешавад, ки дар паи ин инфиҷор дар назди тамрингоҳи Вазорати умури дохилаи Миср дар Танто низ инфиҷоре рух додааст.

Иди Якшанбеи Нахл ҷашнест ки масеҳиён ба ёди вуруди ҳазрати Исо (а) ба Уршалаим ё Байтулмуқаддас ҳамвора дар якшанбеи пеш аз Иди Пок бар по медоранд. Бино бар омор, камубеш 10 дарсад аз мардуми шаҳри Танто масеҳӣ ҳастанд ки қибтӣ номида мешаванд. Дар моҳи декабри 2016 бумбгузоре дар калисои қибтиёни Қоҳира худро тарконда ва 20 касро куштаву беш аз 50 касро захмӣ карда буд.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Миср номаи тасаллият равон кард
Барчаспҳо:
намозгоҳ, бумбгузорӣ, инфиҷор, Танто, Миср

Мавзӯъҳои асосӣ