03:35 27 июни 2017
Пахши мустақим
Пограничники, архивное фото

Марзбонони Узбакистон як шаҳрванди Тоҷикистонро куштаанд

© Sputnik / Стрингер
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
14401

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар марз бо Узбакистон ба дасти марзбонони узбак кушта шудааст

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон Аслиддин Шоимов аз рустои Шулум дар ноҳияи Турсунзода аз тири марзбонони узбак дар марз бо Узбакистон кушта шуд.

Ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи марзбонии Созмони амнияти миллии Узбакистон, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави рустои Қӯруқсой дар ноҳияи Сари Осиё аз вилояти Сурхондарё дар паи ҳамла бар марзбонон тир хӯрдаву даргузаштааст.

Гуфта мешавад, ки 15 апрел подае аз говҳо аз сӯи деҳаи тоҷикии Шулум ба чарогоҳҳои қишлоқи узбакии Қӯруқсой гузашта ва марзбонон онҳоро пас гардондаанд. Аммо се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо марзбонон даргир шудаву даъво кардаанд, ки ин чарогоҳ аз қаламрави Тоҷикистон аст.

Гӯё ки даъво ба ҷанҷол кашида ва шаҳрвандони Тоҷикистон бар сари марзбонони узбак калтаку корд кашида бошанд ва онҳо дар посух тирандозӣ кардаанд. Дар натиҷа яке аз шаҳрвандони тоҷик аз захми тир ҷон бохта ва ду тан аз онҷо гурехтаанд.

Марзбонии Узбакистон мегӯяд, марзбонони узбак аз сару гарданашон захм бардоштаанд. Нерӯҳои интизомии Узбакистон барои бозҷӯии ин қазия парванда боз кардаанд.

Мавзуъ

Боздошти ду шаҳрванди ҶТ дар Қирғизистон бо ҷурми марзшиканӣ
Барчаспҳо:
марзшиканӣ, марзшиканӣ, Марзбонӣ, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ