15:02 27 майи 2017
Пахши мустақим
Зане, ки бо фоҳишагӣ машғул аст, акс аз бойгонӣ

Зани 24-сола сокини ноҳияи Бӯстонро ба танфурӯшӣ дар Туркия ҷалб кард

© AFP/ THOMAS SAMSON
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
322 0 0

Зани гумонбаршуда шиносномаи ҷабрдидаро гирифта, охиронро ба танфурӯшӣ ҷалб намудааст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Кормандони милитсия зани 24-солаи сокини Зафарободро дастгир нумуданд, ки барои ҷалби одамон дар истисмор гумонбар дониста мешавад.

Чуноне ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, гумонбаршуда моҳи майи соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Бӯстон ба боварии зани 27-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, бо ваъдаи бо ҷойи кор таъмин намудан ӯро ба шаҳри Истанбули давлати Туркия даъват кардааст.

Сипас, аз ҳисоби худ ба ӯ чиптаи ҳавопаймо харидорӣ намуда, 27-уми майи соли 2016, ӯро дар шаҳри Истанбул пешвоз гирифта, дар хонаи истиқоматии шиносаш ҷой намудааст.

Зани гумонбаршуда шиносномаи хориҷии ҷабрдидаро гирифта, охиронро ба танфурӯшӣ ҷалб намудааст.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
гумонбар, зан, танфурӯшӣ, ВКД, Туркия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ