Дар ҳудуди ноҳияи Данғара ронанандаи "Опел- Астра" писарбачаи 4-соларо пахш кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАвтомобили на проезжей части, архивное фото
Автомобили на проезжей части, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронанда ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Данғара бехетарии ҳаракат дар роҳро риоя карда натавониста, писарбачаи 4-соларо пахш кардааст
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik.Тавре Вазорати умури дохилаи ҶТ хабар медиҳад, дар ноҳияи Данғара ронандаи худрави "Опел Астра" писарбачаи 4-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа кӯдак фавтидааст.

Тибқи ахбори манбаъ, 2-юми июни соли 2017, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", марди 27-солаи сокини ноҳияи Ховалинг ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар километри 117-уми ҳудуди деҳаи Дурахшони ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 4-солаи сокини деҳаи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, писарбачаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Лентаи хабарҳо
0