23:10 23 сентябри 2017
Пахши мустақим
Мабраз. Акс аз бойгонӣ

Ҳалокати се кас дар паи даcтрас кардани Samsung Galaxy аз мабраз

© Sputnik / Илья Питалев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
633 0 0

Сокини вилояти Намангони Узбакистон барои дастрас кардани телефони худ аз мабраз ду тан аз бошандагони ин маҳаллро киро карда буд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии МЧС Узбакистон, се кас дар паи дастрас кардани телефони мобилии навъи Samsung Galaxy аз мабраз, ҳалок шуданд.

Бино ба гузориши манбаъ, сокини вилояти Намангон барои дастрас кардани телефони худ аз мабраз ду тан аз бошандагони ин маҳаллро киро кардааст. Ҳангоми фуруд омадан, онҳо аз бӯи гализ беҳуш шуда, натавонистанд баргарданд. Соҳиби хона барои наҷоти кирокардагон ёрии таъҷилӣ ҷеғ задааст, вале пизишк ҳам аз ақиби онҳо фаромада аз бӯи ғализ беҳуш шудааст.

"Ду кас дар ҷои ҳодиса вафот карда, духтур дар роҳ ба беморхона ҷон додааст", — омадааст дар иттилоъия.

Айни замон аз рӯи ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ