00:51 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Ёрии таъҷилӣ, акс аз бойгонӣ

Ҷавондухтари 19-сола тасодуфан худро сӯзонд ва ҳалок шуд

© Sputnik Стас Этвеш
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
203 0 0

Ҷавондухтар ҳангоми оташ задани хонаи замбӯр, ногаҳ оташ ба пӯшокаш мерасад ва худ месӯзад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати ҷавондухтари 19-сола хабар медиҳад, ки номбурда аз беэҳтиётӣ худро сӯзонидааст ва дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиён рух додааст.

"Рӯзи 18-уми июли соли 2017, тахминан соати 12.30-дақиқа, ҷавондухтари 19-сола ҳангоми сӯзонидани хонаи замбӯрҳо аз беэҳтиётиаш оташ ба либосҳояш часпида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт",- гуфта мешавад дар хабар.

Номбурда дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд рӯзи иди Рамазон зане худро ба Сирдарё партофт.

Баъдтар ҳамкоронаш ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки зан чӣ мушкилие дар хонавода дошт.

Барчаспҳо:
сӯхтор, ҷавондухтар, Қубодиён, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ