06:20 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Хоруғ. Акс аз бойгонӣ

Сокини Хоруғ: Қосим ҳамсояашро дар ҳолати мастӣ кушт

© Sputnik Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1191 0 0

Шоҳидон мегӯянд, ки Қосим ва Алиназар ҳамсоя буданд. Муттаҳам он рӯз дар ҳолати мастӣ ба хонаи Алиназар даромада бо таппонча ба пешониаш тир задааст

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Қосим Абдурасулов рӯзи 16 июл ба манзили сокини шаҳри Хоруғ Алиназар Қамбаров ворид шуда, ба зарби тир ӯро куштааст.

Бино ба гуфтаи шоҳидон, пеш аз ин куштор миёни ин ду ҳамсоя ҷанҷоле сар зада будааст. Қазия аз ин қарор аст, ки 16 июл дар шаҳри Хоруғ навори паёми видеоии шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ аз ҷашни 60-умин солгарди имомати Оқохони IV намоиш дода мешуд ва ин ду ҳамсоя низ дар он маросим ҳузур доштанд.

"Дар маросиме, ки барои мардуми маҳаллаи Бар-Хоруғ баргузор шуда буд, Алиназар Қамбаров аз Қосим Абдурасулов дархост кардааст, ки камтар канортар бинишинад то ӯ низ ҷое барои нишастан дошта бошад. Вале Абдурасулов ин дархостро напазируфт ва бо Қамбаров ҷанҷол барандохт", — мегӯяд яке аз шоҳидон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Пас аз ин маросим Қосим хонааш рафтаву таппончаеро гирифта ба манзили Алиназар рафтааст ва ӯро тир задааст.

"Бародарони Алиназар аз ин ҳодиса огоҳ шудаву ёрии пизишкиро занг заданд, вале ин ҷавони 27-сола пеш аз расидани пизишкон ҷон дода буд", — гуфт вай.

Ин шоҳид афзуд, ки Қосим Абдурасулов ҳангоми даст задан ба ин ҷиноят маст буд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Қосим Абдурасуловро, ки аз Хоруғ гурехтааст, муттаҳам ба қатли Алиназар Қамбаров карда ва мавриди пайгард қарор додаст.

Ёдовар мешавем, ки чунин кушторе бо таппонча дар маркази маъмурии ВМКБ моҳи октябри соли 2016 ҳам рух дода буд. Он замон дар натиҷаи муноқиша бо истифода аз силоҳи оташфишон сокини 33-солаи шаҳри Хоруғ кушта шуда буд.

Мавзуъ

Садама дар роҳи Хоруғ-Мурғоб-Қулма боиси марги писарбачаи хурдсол шуд
ВКД: ҳалокати ду нафар дар шаҳри Хоруғ
Вазири умури дохилӣ сардорони БДА-и Хоруғ ва ВМКБ-ро сабукдӯш кард
Барчаспҳо:
куштор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ