Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо "Ренҷ Ровер"-и падарш ронандаи дигареро кушт

© Пресс-служба ГУ МЧС России по Кр / Гузариш ба медиабонкВ результате ДТП погиб мужчина
В результате ДТП  погиб мужчина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи бархӯрди худрави "Ренҷ Ровер" ва "Опел" як тан кушта ва се тани дигар ҷароҳат бардоштанд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Садама дар роҳи Конибодом- Хуҷанд рух додааст. Дар ин бора хабаргузории СМ-1 иттилоъ медиҳад. Ронанадаи худрави "Ренҷ Ровер" — донишҷӯйи 20-сола, ки худрави падарашро идора мекардааст, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба "Опел" бар мехӯрад.

Дар пайи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ронандаи 36-солаи худрави "Опел" дар ҷойи рухдод ба ҳалокат мерасад.

Манбаъ, дар истинод ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки ронанади "Ренҷ Ровер"  донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будааст. Автомашинаи "Ренҷ Ровер", ки таҳди идораи ӯ қарор дошт ба падараш таъаллуқ доштааст.

 Аз рӯи ин ҳодиса нисбати ронандаи 20 сола маводҳои тафтишотӣ барои оғози парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 212-и Кодекси ҷиноятӣ бандубаст гардида истодааст.

Манбаъ навореро низ аз ҳодисаи мазкур пешниҳод мекунад.

Лентаи хабарҳо
0