11:08 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Корд

Як зани тоҷикро дар Маскав 7 корд заданд

© Flickr/ DieselDemon
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
87 0 0

Милисаи Маскав ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят шаҳрванди дигари Тоҷикистонро ҷустуҷӯ мекунад

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи тафтишотии Маскав, 12-уми сентябр, дар қисми ҷанубиву шарқии пойтахти Русия як зани тоҷикро 7 маротиба корд зада, ба ҳалокат расониданд.  Ҷасади ин занро дар назди яке аз биноҳои истиқоматӣ пайдо карданд.

"Бино бар маълумоти  тафтишот, пагоҳии 12-уми сентябр дар кӯчаи Краснодарская, дар наздики хонаи истиқоматӣ ҷисми духтари 23-солаи тоҷик пайдо шудааст. Маълум гардидааст, ки зан пас аз бардоштани ҷароҳати вазнин вафот кардаст",- омадааст дар иттилои кумитаи тафтишот.

Гуфта мешавад,  шаҳрванди дигари Тоҷикиастон ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят ҷустуҷӯ мешавад.

Барчаспҳо:
корд, куштор, зани тоҷик, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ