15:14 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
кулак, архивное фото

Мастӣ ба пастӣ: ҷавони 30-сола дар ҳолати мастӣ ҷияни 11-солаашро куштааст

© Sputnik Sputnik / Табылды Кадырбеков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
115 0 0

Ин мард пештар ҳам ба додгоҳ кашида шуда будааст. Ин дафъа ҷияни 11-солаашро чунон латту кӯб кардааст, ки кӯдак дар натиҷа ба ҳалокат мерасад

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ноҳияи Рӯдакии шаҳри Душанбе марди 30-солае дар ҳолати мастӣ ҷияни 11-солаашро латту кӯб карда, куштааст.

Бино бар иттилои манбаъ, милисаи ноҳияи Рӯдакӣ гумонбаршударо дастгир кардааст. Манбаъ меафзояд муттаҳам пештар низ бо моддаҳои 237 қисми 1 ва 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додгоҳ кашида шуда будаст.

"Гумонбаршуда, рӯзи 12-уми сентябри соли равон, тахминан соати 01:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиашон омада, ҷияни ноболиғаш, писарбачаи 11-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкурро, ки ба хонаи бобояш, пирамарди 78-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба меҳмонӣ омада буд, зери лату кӯб қарор додааст",- омдааст дар иттилои манбаъ.

Дар пайи ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ писарбачаи 11-сола вафот кардааст. Аз рӯйи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дарад.

Барчаспҳо:
латту кӯб, куштор, марди 30-сола, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ