01:10 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Чархбол, акс аз бойгонӣ

Ҳодисаи нохуш: далели ҳалокати раиси фурудгоҳи Хоруғ муайян шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
741 0 0

Рухдод рузи гузашта баъд аз зуҳр рӯй додааст. Он вақт Дилдор Мақсудшоев раисҷумҳури Тоҷикистонро аз ноҳияи Дарвоз ба Душанбе гусел мекард

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik.Рӯзи гузашта дар натиҷаи ҳодисаи нохуш раиси фурудгоҳи Хоруғ- Дилдор Мақсудшоев ба ҳалокат расид, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса нимаи дувуми рӯзи гузашта, вақти гусели раисҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Дарвоз ба Душанбе рух додааст.

Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз сафар карда буд. Раисҷумҳур дар ноҳияи Дарвоз дар ҷараёни ифтитоҳи як зумра иншоот иштирок намуд.

Гуфта мешавад, ҳангоми боло шудани чархболи раисҷумҳур, раиси фурудгоҳ дар болои қолине қарор дошт, ки барои пешвози раисҷумҳур андохта шуда буд. Ҳангоми парвози чархбол қолин тоб мехӯрад ва дар натиҷа Мақсудшоевро ба санге мезанад. Сари раиси фурудгоҳ ҷароҳати сахт мебардорад ва дар роҳ ба бемористони Дарвоз вафот мекунад.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин рӯйдодро ҳамчун ҳодисаи нохуш арзёбӣ кардаанд.

Маросми хоксупории раиси фурудгоҳ-  Дилдор Маҳмадшоев имрӯз дар Хоруғ гузаронида мешавад.

Барчаспҳо:
чархбол, Дилдор Мақсудшоев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ