06:32 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Новорожденный ребенок. Архивное фото

ВУД: зани 31-солае дар Душанбе тифли навзодашро ба 100 сомонӣ фурухт

© Sputnik / Леся Полякова
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Соле пеш зани 31-солаи ноҳияи Рӯдакии шаҳри Душанбе тифли навзодашро ба 100 дулору 300 сомнӣ фурӯхтааст. Дар ин бора ВУД ҶТ иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ,  14-уми сентябри соли 2017, ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 35-сола ва марди 56-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯши ноболиғ дастгир карда шуданд.

Тафтишот муайян намуд, ки номбурдагон, моҳи январи соли 2016 бо маслиҳати пешакӣ дар назди таваллудхонаи №1, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе аз зани 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, тифли навзоди ҷинсаш мардро ба маблағи 100-доллари амрикоӣ ва 300-сомонӣ харидорӣ намудаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
фурӯхтани кӯдак, ВУД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ