23:56 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Иззат Амон таджикский активист в России, архивное фото

Иззат Амон: аз тазоҳурот даст кашидем. Нахостем бо эҳсоси мардум бозӣ кунем

© Фото: Аккаунт Facebook Izzat Amon
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Задухӯрди муҳоҷирон дар назди маркази савдои "Москва" (9)
573 0 0

Мақомоти Тоҷикистон аз мо хостанд, ки аз мудохила дар ин қазия даст нигаҳ дорем то мардум аз сари эҳсос даст ба хато назананд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Иззат Амон, фаъоли иҷтимоъӣ ва мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, дар паи лату кӯби чанд тан аз коргарони фурӯшгоҳи "Москва" дар шаҳри Маскав аз муҳоҷирон хостааст, ки имрӯз дар ин фурӯшгоҳ тазоҳурот ва муҷозот додани латукӯбкунандаҳоро талаб кунанд.

Sputnik Тоҷикистон ҷузъиёти ин қазияро аз мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон пурсид.

— Имрӯз қарор буд, ки дар назди фурӯшгоҳи "Маскав" ҷамъ омада, аз масъулин далели латукӯби муҳоҷирони тоҷикистонӣ, аз ҷумла Наврӯз Каримовро хостор шавед. Чаро тасмиматонро тағйир додед?

— Мо дирӯз то нимашаб ин қазияро пайгирӣ мекардем. Аз роҳбарони созмонҳои муҳоҷиратии тоҷикон ва фаъолон даъват кардем, ки фардо дар назди фурӯшгоҳ ҷамъ омада, аз масъулини бозори далели лату кӯби тоҷиконро пурсон шавем то ҳақ ба ҳақдор бирасад. То тоҷикон бидонанд, ки соҳиб доранд. Аммо аз баргузории ин тазоҳурот даст кашидем, зеро ки аз Душанбе бо мо тамос гирифтаанду гуфтанд, ки кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагони Вазорати кору муҳоҷират ин қазияро пайгирӣ доранд ва бо нерӯҳои интизомии Русия дар тамос шудаанд. Хоҳиш карданд, ки бо эҳсосоти мардум бозӣ накунем, зеро мардум сахт ба эҳсосот дода шуда буданд.

— Чаро тасмим гирифтед ин қазияро пайгирӣ кунед?

— Мо бояд ҳамчун созмони мудофеъ аз ҳуқуқи башар ин қазияро пайгирӣ мекардем. Ҳама созмонҳои тоҷикӣ ва тоҷикони обрӯманд ин даъвати моро қабул карданд. Дирӯз то ними шаб дар тамос будем, вале имрӯз субҳ аз Душанбе ва Сафорат зангамон заданду гуфтанд, ки ин қазияро пайгирӣ мекунанд. Дархост карданд, ки мо даст нигаҳ дорем то дахолатамон вазъро бадтар накунад.

— Яъне Шумо он дархостро пазируфтед?

— Бале. Онҳо гуфтанд, ки мардум эҳсосотианд. Нахостем ба эҳсоси мардум бозӣ кунем. Ҳалли ин қазияро дигар аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон интизор мешавем. Ман бо бародари Наврӯз Каримов дар тамос ҳастам.

— Тазоҳургароне, ки ҳоло дар боздошт ҳастанд, кистанд ва чӣ мехостанд?

— Онҳо муҳоҷиранд. Мақсади онҳо посух ёфтан ба суоле буд, ки чаро коргарони тоҷикро лату кӯб кардаанд.

— Як манбаъи Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар лату кӯби коргарон на танҳо нигаҳбонҳои бозор, балки бригадирҳои тоҷик ҳам даст доштаанд. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

— Ин гап дуруст нест. Масалан, раиси аробакашони тоҷик Ҳоҷӣ Абдусамад аз ин қазия хабар надошт. Ӯ то нимашаб ҳамроҳи мо дар бемористон буд ва ҳама мунтазири хабари зиндаву саломат будани Наврӯз Каримов будем.

— Сипосгузорем аз лутфу посухҳоятон.

— Саломат бошед!

Мавзуҳо:
Задухӯрди муҳоҷирон дар назди маркази савдои "Москва" (9)

Мавзуъ

Вазорати кору муҳоҷират: ҷавоне, ки дар бозори Маскав лату кӯб шуда, зинда аст
Навори яке аз муҳоҷирони латукӯбшуда дар Фейсбук мунташир шуд
Барчаспҳо:
тазоҳурот, лату кӯб, посух, қазия, Иззат Амон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ