14:05 16 декабри 2017
Пахши мустақим
ВМКБ, Акс аз бойгонӣ

Куштор дар ВМКБ: ҷавоне хешовандони бародарашро тирборон кард

© Sputnik / Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
4740521

Як бошандаи шаҳри Хоруғ ҳамсару фарзанду хушдомани бародарашро дар паи ҷанҷоле тирборон кардааст

ДУШАНБЕ. 6 окт — Sputnik. Некрӯз Ниятбеков ном бошандаи шаҳри Хоруғ дар паи ҷанҷоле хонаводаи бародарашро тирборон кард.

Ба гузориши хабарнигори Sputnik, ин ҳодиса панҷшанбешаб, 5 октябр дар деҳаи Возм аз рустоҳои ҷамоати Поршинев да ноҳияи Шуғнон рух додааст.

Некрӯз бо ҳамсари бародараш Далер Ниятбеков, ки чанд сол пеш аз ин дар гузашта буд, бар сари манзили иқоматияш дар шаҳри Хоруғ ҷанҷол доштааст. Ахиран додгоҳ ин манзилро ба ҳамсари Далер Ниятбеков вогузор карда будааст. Аммо Некрӯз аз ҳукми додгоҳ розӣ нашуда ҷанҷолро ба зӯроварӣ кашондааст.

Вай шаби ҷумъа ба хонаи хешовандонаш ба рустои Поршинев рафта пас аз ҷанҷоле ҳамсару писару хушдомани бародарашро тирборон кардаааст.

Гуфта мешавад, ки аз тири Некрӯз пирзан ҷон бохта ва ҷавонзану писараш захмӣ шуданд. Онҳо ҳамакнун дар бемористони шаҳри Хоруғ бистарӣ ҳастанд.

Некрӯз Ниятбеков пас аз тирандозӣ аз маҳалли ҳодиса ба сӯи номаълуме фирор кардааст. Нерӯҳои интизомии ВМКБ ӯро ҷустуҷӯ доранд.

Барчаспҳо:
куштор, Некрӯз Ниятбеков, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ