10:31 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Садама. Акс аз бойгонӣ

Фоҷиа: чаҳор донишҷӯ дар роҳи Муъминобод-Душанбе ҷон бохтанд

© Sputnik / Илья Питалев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
414 0 0

Расонаҳои тоҷикӣ аз ҳалокати чаҳор ҳамсинф дар садама хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Гуфта мешавад, ки дар шоҳроҳи Муъминобод-Душанбе 4 нафар ҳамсинф дар як садама ҳалок шудаанд.

Якеашон дар беморхонаи шаҳри Норак бистарӣ шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки ин ҷавонон Наим, Тоҷиддин, Меҳроҷ, Комрон ва Абдулфайз аз як деҳа буда, ба хотири тӯйи ҳамсинфашонба Муъминобод рафта будаанд.

Ҳангоми бозгашт, дар самти Душанбе, ронанда аз уҳдаи нақлиёт набаромада ба садама дучор шудааст. Чаҳор нафари онҳо дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, яке ҳам дар беморхонаи шаҳри Норак бистарӣ шудааст.

Толибов Абдулфайз дар беморхонаи шаҳри Норак бистарӣ аст.

Мавзуъ

Ҳалокати ронанда ва мусофир дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд"
Барчаспҳо:
шоҳроҳи Муъминобод-Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ