02:07 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Дасти ҷароҳатбардошта, акс аз бойгонӣ

Ирина Волк дар бораи занозании шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар Маскав хабар дод

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
14801

Се тан аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ бо гумони даст доштан дар қазия боздошт шуданд. Гуфта мешавад, онҳо мехостанд пас аз ҳодиса ба кишварашон фирор кунанд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Сухангӯи Вазорати умури дохилаи Русия Ирина Волк хабар дод, ки дар Маскав дар натиҷаи лату кӯби чанде аз афроди номаълум чор тан ҷароҳат бардоштанд. Муттаҳамони ин ҳодиса 3 шаҳванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буданд.

Бино бар иттилои манбаъ, ба пулис хабар додаанд, ки дар ҷануби Маскав чанде аз афроди номаълум чор танро латтукӯб карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Кормандони пулиси Маскав дар пайи ҷустуҷӯ се шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, онҳо мехостанд ба ватанашон фирор кунанд.

Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, муттаҳамон ба ҳабси  пешакӣ гирифта шудаанд.

Барчаспҳо:
шаҳвандони ОМ, занозанӣ, Ирина Волк, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ